Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зеленский хостори барканории нахуствазири Украина шуд
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, эълом кардааст, ки қасд дорад Юлия Свириденкоро пас аз як соли ҳузур дар симати нахуствазирӣ барканор кунад: тасмиме, ки ба истеъфои давлат сабаб хоҳад шуд.
Зеленский рӯзи якшанбе, 12-уми июл, дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки ин тағйирот барои иҷрои “роҳбурди сиёсии нав” зарурӣ аст ва илова бар давлат, шомили тағйироте дар раҳбарии ниҳодҳои иҷрокунандаи қонун низ хоҳад шуд.
Ӯ аз амалкарди Свириденко қадрдонӣ карда ва афзудааст, ки ба ӯ пешниҳоди масъулияти тозае дар ҳавзаи равобит бо яке аз шарикони калидии Украина додааст, аммо мушаххас накардааст, ки чӣ касеро барои ташкили давлати нав муаррифӣ хоҳад кард.
Свириденко, ки иқтисоддон аст, дар июли соли 2025 пас аз чанд соли фаъолият дар симати муовини нахуствазир дар умури рушди иқтисодӣ ва тиҷорат, ба нахуствазирӣ расид.
Бар асоси қонуни Украина, истеъфои нахуствазир бояд ба тасвиби парлумон бирасад ва дар сурати таъйид, тамоми давлат низ истеъфо хоҳад кард.
Расонаҳои Украина аз Денис Шмигал, Михаил Фёдоров ва Сергей Кортский ба унвони гузинаҳои эҳтимолии ҷонишинии Свириденко ном бурдаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”