Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гутерриш: “Ҳамлаҳои Амрико ва Эрон бояд мутаваққиф шавад
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, нисбат ба ташдиди танишҳо ва азсаргирии даргириҳои низомӣ дар минтақаи Халиҷи Форс изҳори нигаронӣ карда, хостори таваққуфи фаврии ҳамлаҳо миёни Эрон ва Амрико шудааст.
Гутерриш шаби якшанбе, 12-уми июл, дар “Х” навиштааст, ки ҳамлаҳои Эрон ба киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз, ҳамлаҳои Амрико ба Эрон ва ҳамлаҳои Эрон ба аҳдофе дар кишварҳои ҳамсоя, хатари густариши даргириҳо дар минтақаро афзоиш додааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки ҳамаи ин ҳамлаҳо бояд мутаваққиф шавад ва ҳушдор додааст, ки бозгашт ба ҷанги тамомайёр, паёмадҳои фоҷеаборе барои мардуми минтақа, сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ хоҳад дошт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон ва Амрико хостааст, ки ҳарчи зудтар музокиротро аз сар бигиранд ва ихтилофоти боқимондаро аз тариқи дипломатия ҳаллуфасл кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”