Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Тоҷикистон сомонаи махсус барои фаҳмидани сифати ҳаво фаъол гардид
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво дар кишвар омода гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, акнун шаҳрвандон метавонанд дар сомонаи airquality.meteo.tj дар бораи ҳолати воқеии сифати ҳаво дар мамлакат маълумоти дақиқ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пайдо намоянд.
"Ҳоло дар 9 минтақаи ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла 6 адад дар шаҳри Душанбе дар мавзеи Боғи фарҳанги фароғатии ба номи С.Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, Институти физикию техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ, мактаби Байналмилалии президентӣ, шаҳракҳои 65 ва 103, Инчунин, 3 адад дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва Ҳисор таҷҳизоти худкори ташхиси сифати ҳаво насб гардидааст", - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар сомона шаҳрвандон метавонанд бо сифати ҳаво бо нишондоди индекси ҷаҳонии сифати ҳаво, номгӯи нуқтаҳои мушоҳидавӣ бо нишондоди консентратсияи зарачаҳои андозаашон то 2,5 ва 10 микрона (Рм-2,5), (Рм-10), харитаи ҷойгиршавии нуқтаҳои мушоҳидавии сифати ҳаво дар ҷумҳурӣ, маълумоти сифати ҳаво дар намуди график бо нишондоди зарачаҳои андозаашон то 2,5 микрона (Рм-2,5) ва 10 микрона (Рм-10), рейтинги нуқтаҳои мушоҳидашаванда бо нишондоди индекси сифати ҳаво, инчунин, консентратсияи Рм-2,5 ва Рм-10, тавсияҳои тиббӣ ҳангоми хавфи ифлосшавии ҳаво ва ғайраҳо шинос шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”