Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Танишҳо дар Халиҷи Форс: Аббос Ироқчӣ вориди Умон шуд
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, ҳамзамон бо афзоиши танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон дар Халиҷи Форс, барои гуфтугӯ бо мақомҳои Умон вориди ин кишвар шуд.
Хабаргузории Тасним, рӯзи шанбе, 11-уми июл, гузориш додааст, ки сафари Ироқчӣ ба Умон дар идомаи гуфтугӯҳои дуҷонибаи Теҳрон ва Масқат дар бораи таҳаввулоти минтақа, ба вижа тангаи Ҳурмуз, сурат гирифтааст.
Бар асоси гузориш, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки вазирони корҳои хориҷаи Эрон ва Умон дар бораи танзими убури амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз тибқи моддаи 5-уми Ёддошти тафоҳуми Исломобод, гуфтугӯ ва табодули назар хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки таниш миёни неруҳои амрикоии мустақар дар минтақа ва Сипоҳи Посдорони Эрон бар сари назорати тангаи Ҳурмуз дар рӯзҳои охир афзоиш ёфта ва сабаби даргирии низомӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”