Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вокуниши Ироқчӣ ба аҳдшикании Амрико бо ҷорӣ намудани таҳримҳои нав бар зидди Эрон
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кард: “Эрон то кунун ба уҳдадории худ пойбанд буда, аммо Амрико (бо ҷорӣ кардани таҳримҳои нав) аҳдшиканӣ кардааст”.
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, имрӯз, 11-уми июл дар паёме дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: “Эрон то кунун ба уҳдадории худ пойбанд буда, аммо ягона роҳ, пойбандии ҳар ду тараф ба уҳдадории худ дар чорчӯби ёддошти тафоҳуми Исломобод аст”.
Вай афзуд: “Эрон то кунун ба уҳдадории худ пойбанд буда: бар хилофи он чи аз сӯйи ба истилоҳ вазири молияи Иёлоти Муттаҳида шоҳид ҳастем, ки бо нақзи банди 9-и ёддошти тафоҳум, уҳдадории Амрикоро зери по мегузорад”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кардааст: “Ин нақз, дар идомаи дигар мавриди нақзи уҳдадорӣ ва иқдомҳои нодурусти Иёлоти Муттаҳида сурат гирифтааст”.
Сайид Аббос Ироқчӣ афзуд: “Воқеият рӯшан аст: танҳо роҳ, пойбандии мутақобили ҳар ду тараф ба уҳдадории худ аст.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”