27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
11.07.2026 09:57

Ёрдамчии Путин: “Ғарб мехоҳад Русияро аз масирҳои байналмилалии баҳрӣ ҷудо кунад”

Николай Патрушев, ёрдамчии раиси ҷумҳур ва раиси ҳайати дарёнавардии Русия, гуфт, ки Ғарб талош мекунад дастрасии ин кишварро ба роҳҳои байналмилалии дарёнавардӣ масдуд кунад.

Ба гузориши “ТАСС”, Патрушев изҳор кард: “Кишварҳои ғарбӣ дидгоҳи густардатаре доранд: онҳо мехоҳанд моро аз роҳҳои байналмилалии киштиронӣ ҷудо кунанд. Онҳо мехоҳанд баҳри Балтикро бубанданд ва онро ба обҳои дохилии худ табдил диҳанд. Онҳо инро пинҳон намекунанд”.

Патрушев бо баёни ин ки Ғарб ҳамчунин, мехоҳад дастрасӣ ба Баҳри Сиёҳро маҳдуд кунад, хотирнишон кард: “Илова бар ин, онҳо барои Қутби Шимол, пеш аз ҳама дар баҳри Барентс, ки мо дар он ҷо пойгоҳ дорем, барномарезӣ мекунанд. Мо аз ин мавзуъ огоҳ ҳастем ва табиатан бо он мухолифем”.

Ёрдамчии раиси ҷумҳури Русия афзуд: “Мехоҳам бар ин нукта таъкид кунам, ки агар неруи дарёии мо қодир ба таъмини амният набошад, дигар Русияе вуҷуд нахоҳад дошт. Ин ба он маъност, ки мо аз назари иқтисодӣ ноком хоҳем шуд. Ба ҳамин далел мо ба як неруи дарёии қавӣ ниёз дорем”.

Патрушев, ки бо хабарнигори “Вести” мусоҳиба мекард, дар бахши дигари суханонаш гуфт: “Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) ва Идораи марказии иктишофии ИМА (CIA), бо мувофиқати раисони ҷумҳури Русия ва Амрико, амалиёти муштаракеро барои аз миён бурдани Усома бин Лодин, раҳбари гурӯҳи террористии Ал-Қоида, омода карданд.”

Вай афзуд, ки Русия аз ҷониби худ ба ин тавофуқ амал кард, аммо Амрико ин корро накард.

Ёрдамчии раиси ҷумҳури Русия гуфт: “Мо медонем, ки ӯ (бин Лодин) омили онҳо буд ва онҳо муддате аз ӯ истифода карданд.”

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.