Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сӯхтори ҷангал дар ҷануби Испания 12 кушта бар ҷой гузошт
Мақомоти Испания эълом карданд, ки бар асари сӯхтори ҷангал дар ин кишвар дастикам 12 нафар кушта шуда ва 23 тани дигар бедарак шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, Хуанма Морено, раиси минтақаи Андалус дар ҷануби Испания, гуфта, ки сӯхтор то кунун беш аз 4 ҳазор гектар аз ҷангалҳои ин ноҳияро сӯзондааст.
Мақомоти вилояти Алмерия, ки маркази аслии ин сӯхтор аст, эълом карданд, ки чаҳор нафар ба бардоштани ҷароҳатҳо бар асари сӯхтор ба бемористон интиқол шудаанд ва дар вазъияти бад қарор доранд. Ҳамчунин, чаҳор нафари дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Ин сӯхтор рӯзи панҷшанбе эҳтимолан бар асари осеб дидани як хати барқ оғоз шудааст, аммо сабаби дақиқи он дар ҳоли баррасӣ аст.
Ҳамчунин, вазиши шамол, ки суръаташон беш аз 50 километр дар як соат аст, боис шуда, ки шуълаҳои оташ пас аз мавҷҳои гармои охир дар заминҳои бисёр хушк зуд паҳн шаванд.
Антонио Санс, вазири тандурустӣ, раёсат ва мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Андалус, ин сӯхторро “сӯхторе бо бузургтарин паёмадҳо то имрӯз” дар минтақа тавсиф карда, онро “фоҷеае бесобиқа” хондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”