Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон дархости музокира бо Амрикоро рад кард
Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълом кардааст, ки Теҳрон дархости идомаи музокирот бо Амрикоро матраҳ накардааст, аммо сафари миёнҷиҳои қатариро ба ин кишвар пазируфтааст.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи ҷумъа, 10 –уми июл, дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки ҳар гуна нақзи уҳдадориҳо аз сӯйи Вашингтон бо иқдоми мутақобил рӯбарӯ хоҳад шуд.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст: “Ҳар гуна нақзи уҳдадориҳои Амрико бо иқдоми ҷавобӣ посух дода хоҳад шуд”.
Ин вазорат изҳороти Трамп оиди дархости Эрон барои идомаи гуфтугӯҳо пас аз афзоиши танишҳо миёни ду кишвар дар рӯзҳои охирро рад кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзудааст: “Мо дархости музокира бо Амрикоро накардем, аммо сафари миёнҷиҳои қатариро ба Эрон пазируфтем”.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон дар рӯзҳои охир афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”