Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рустами Эмомалӣ: “Масъалаи аз байн бурдани маблағи 100-сомонаи мусофиркашон омӯхта шавад”
Имрӯз, 10-уми июл Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.
Тавре ки саҳифаи расмии шаҳрдори Душанбе дар Телеграм хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳаи нақлиёт дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор барои фаъолияти дурусти ширкатҳои мусофиркашонии таксӣ, масъалаи аз байн бурдани маблағи 100-сомонаро омӯхта, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин аз рӯйи усулҳои наву муосир таклифу пешниҳод намоянд.
Ҳоло кирокашони расмие, ки дар пойтахт фаъолият мекунанд, муваззафанд ҳар рӯз сад сомонӣ пардохт намоянд. Пештар аз ин, онҳо аз даромадашон даҳ фоиз ба ширкат месупурданд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки масъалаи пардохти ҳатмии маблағи 100-сомонаи кирокашон дар ҷомеа сару садоҳои зиёдро ба бор оварда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”