Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Калонтарин қарздор аз барқ аҳолӣ аст. Дар Тоҷикистон истеҳсолу содироти барқ кам шудааст
Имрӯз, 10-уми июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор намуд.
Тавре ки аз маълумоти пешниҳоднамудаи вазорат бармеояд, давоми шаш моҳи соли равон истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 11 млрд 656,4 млн кВт·соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,6 млн кВт·соат ё 1,3 % кам мебошад.
Афзуда мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ 1 млрд 45,1 млн кВт·соат ё 292,2 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 78,1 млн кВт·соат ё 7 % кам мебошад. Энергияи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 702,7 млн кВт·соат ба маблағи 283,9 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Узбекистон 338,9 млн кВт·соат содирот карда шудааст.
“Ба ҳолати 1-уми июни соли 2026 маблағи қарзи дебитории энергияи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 млрд 835,2 млн сомонӣ, аз ҷумла аҳолӣ – 1 млрд 126,8 млн сомонӣ, ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 991,4 млн сомонӣ танҳо дар назди ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», КВД «Обу корезии ҷумҳурӣ» – 126,3 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 322,4 млн сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 100,4 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 159,5 млн сомониро ташкил дод. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ қарзи дебиторӣ ба маблағи 202,4 млн сомонӣ ё 5,6 % афзоиш ёфтааст”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”