27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
10.07.2026 13:19

Конор Макгрегор: “Ман баргаштам”

Чанд соат пеш дар Амрико нишасти матбуотии пеш аз мусобиқаи UFC 329 баргузор гашт, ки размкорони муҳорибаҳои асосии он ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Мусобиқаи UFC 329 субҳи 12-уми июл баргузор шуда, дар муҳорибаи асосии он собиқ чемпиони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор ва собиқ чемпиони UFC Макс Холлоуэй рақобат хоҳанд кард.

Дар нишасти хабарӣ хабарнигорон бештари саволҳояшонро ба Конор Макгрегор доданд ва аз ӯ ҷавобҳои гуногун шуниданд. Ҷиҳати махсуси ин нишасти матбуотӣ он буд, ки пеш аз посухи аксар савол Конор Макгрегор “ман баргаштам” мегуфт.

“Ман баргаштам, Макгрегор баргашт. Ман дар қуллаи баландии корномаи варзишиам қарор дорам ва Макс Холлоуэйро дар чанд сонияи аввали муҳориба ба накаут мефиристам, - посух дод варзишгари ирландӣ ба саволе, ки чӣ интизорӣ дорад аз муҳорибааш.

Тавре дида мешавад, Конор Макгрегор нисбат ба худ боварии зиёд дорад. Ӯ ҳамчунин, ишора кард, ки мехоҳад барои камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна бо ғолиби муҳорибаи Ислом Махачев ва Иэн Герри рақобат кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.