Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамлаҳои ахири Амрикоро нақзи тафоҳуми поёни ҷанг хонд
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамлаҳои ахири артиши Амрико ба чанд нуқта дар ҷануб ва шарқи ин кишварро башиддат маҳкум карда ва онро нақзи ошкори тафоҳуми поёни ҷанг ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид донистааст.
Ин вазорат рӯзи панҷшанбе, 9-уми июл, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки ҳамлаҳои субҳи барвақти панҷшанбе ба чанд нуқта дар Эрон “ҷинояти ҷангӣ” маҳсуб мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзудааст, ки ин ҳамлаҳо ба баҳонаи вокуниш ба рӯйдодҳои иддаоии марбут ба чанд киштии убуркунанда аз тангаи Ҳурмуз анҷом шудааст, аммо онро нақзи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва тафоҳумномаи поёни ҷанг донистааст.
Дар ин баёния ҳамчунин, омадааст, ки изҳороти мақомоти амрикоӣ алайҳи “миллати Эрон” нишондиҳандаи пойбанд набудани Вашингтон ба тафоҳуми поёни ҷанг аст.
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) аз ҳамла ба ҳудуди 90 ҳадафи низомӣ дар нуқтаҳои гуногуни Эрон хабар додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”