Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири дифои Исроил: “Дар сурати ниёз бо неруи бештар ба Эрон ҳамла мекунем”
Исроил Катс, вазири дифои режими Исроил, гуфтааст, ки ин кишвар дар сурати ниёз омода аст бо “неруе ҳатто бештар” бори дигар ба Эрон ҳамла кунад.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 9-уми июл, гузориш додааст, ки Катз ин изҳоротро дар маросими низомӣ дар пойгоҳи ҳавоии Ҳатзерим баён кардааст.
Вазири дифои Исроил гуфтааст, ки артиши ин кишвар барои азсаргирии даргириҳо дар ҳолати омодабош қарор дорад, то бартарии ҳавоиро дубора ба даст оварад ва дар сурати лозим, бори дигар ба Эрон ҳамла кунад.
Ӯ афзудааст, ки дар сурати ниёз, Исроил барои бори севум низ ба Эрон ҳамла хоҳад кард, то “таҳдидҳо” аз миён бардошта шавад.
Катс ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки неруи ҳавоии Исроил тавоноии дастрасӣ ба ҳар нуқта, аз Яман то Эронро дорад, аммо таъкид кардааст, ки корзори низомӣ алайҳи Эрон ҳанӯз поён наёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”