Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу: “Ҷанг бо Эрон ҳанӯз поён наёфтааст”
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими Исроил, гуфтааст, ки ҷанг бо Эрон ҳанӯз поён наёфта ва Исроил ҳамчунон ба ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ идома хоҳад дод.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 9-уми июл, гузориш додааст, ки Нетаняҳу гуфтааст қасд дорад неруҳои исроилиро “то ҳар замоне, ки лозим бошад” дар Лубнон нигоҳ дорад.
Нахуствазири Исроил ҳамчунон муддаӣ шудааст, ки Эрон “зарбаи сахте” дидааст ва сиёсати Исроил ин аст, ки Теҳрон, чӣ бо тавофуқ ва чӣ бидуни тавофуқ, ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо накунад.
Нетаняҳу афзудааст, ки бо поён наёфтани ҷанг бо Эрон, чолишҳои тозае пеши рӯи Исроил қарор дорад.
Ӯ ҳамчунин, бори дигар иддао кардааст, ки агар Исроил иқдом намекард, Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст меёфт.
Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи фатвои содиркардае сохти силоҳи ҳастаиро дар кишвар мамнуъ эълон карда ва мақомдорони ин кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки дунболи ин гуна ҳадаф нестанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”