Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Пайвандҳои Эрон ва Ироқ фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ аст”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфта, ки пайвандҳои Эрон ва Ироқ фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ ва равобити ҳамсоягӣ аст ва реша дар таърихи муштараки ду кишвар дорад.
Ироқчӣ рӯзи панҷшанбе, 9-уми июл, дар саҳифаи “Х” аз давлат ва мардуми Ироқ ба сабаби мизбонӣ ва баргузории маросими видоъ бо Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон, қадрдонӣ кардааст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон равобити миёни Теҳрон ва Бағдодро амиқ ва решадор хонда, бар пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар таъкид кардааст.
Ӯ ҳамчунин, аз Ироқ ба унвони кишваре бархӯрдор аз “саховат ва асолат” ёд карда ва ин вижагиҳоро нишонаи вафодорӣ ва равобити наздики миёни ду миллат донистааст.
Пеш аз ин низ маросими видоъ бо Алӣ Хоманаӣ дар Эрон баргузор шуда буд ва Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, гуфта буд, ки меҳмононе аз ҳудуди 100 кишвар дар ин маросим ҳузур хоҳанд ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”