Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Роҳбари давлат бо намояндагони се ширкати металлургии Чин мулоқот намуданд
Имрӯз, 9-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуд.
Манбаъ меафзояд, ки дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳои пешсафи ҷаҳон, аз ҷумла корхонаи ММС Капитал Энҷиниринг ва Ресорс Ин Корпорейшн, имкон фароҳам меорад, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти металлургияи сиёҳ, семент ва оҳаку шиша бо технологияҳои муосир рушд намояд, содироти маҳсулоти саноат афзоиш ёбад, ҷойҳои корӣ муҳайё гарданд ва рақобатпазирии саноати миллӣ баланд бардошта шавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад