27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
"Марги мо аз ишқ метарсад"-и Сурайё Ҳасансултон нашр шуд
Шоири номошнои тоҷик Сурайё Ҳакимова (Сурайё Ҳасансултон) хабар дод, ки китоби навбатиаш бо номи "Марги мо аз ишқ метарсад" ба нашр расид.
Мавсуф афзуд, ки "Марги мо аз ишқ метарсад" маҷмуи шеърҳои солҳои охир навиштаашро фаро мегирад.
Китоби "Марги мо аз ишқ метарсад" дар Муассисаи нашриявии “Адабиёти бачагона”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст.
Сурайё Ҳакимова дар журналистика ва адабиёт номи ошност. Аз соли 2008 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2020 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ муаллифи китобҳои “Даричаи умед”, “Даст ба дасти орзу”, “Хаёли обии Сайҳун”, “Чиҳил дарси Камол”, “Гӯшвори гелос”, “Валси сапеди офтоб”, “Ҳақиқат аз равзанаи замон” ва ғайраҳо мебошад. Номзади илмҳои филологӣ буда, солҳои зиёд мешавад, ки ба таълими кадрҳои рӯзноманигорӣ машғул аст. Ҳамчунин, 25 сол инҷониб дар матбуот кор мекунад ва ҳоло ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”