Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба 445 947 нафар кумак ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуд
Бинобар иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 445 947 шаҳрванди осебпазир ва дар ҳолати душвор қарордошта кумак ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуд.
Дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид шуд, ки шумораи умумии хонаводаҳои камбизоат бо назардошти гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоии соли 2025 дар маҷмуъ 234 590 оила буда, 14,2 фоизи нақшаи фарогирии солонаро ташкил медиҳад, ки 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.
“Маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар 6 моњи соли 2026 дар ҳаҷми 120 373 617 сомонӣ амалӣ шудааст, ки 92 фоизи нақшаи нимсолаи якумро ташкил медиҳад”, - зикр кардааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ба ҳолати 30-юми июни соли 2026 шумораи умумии шахсони маъюб дар кишвар 172 394 нафарро ташкил намуда, ҳиссаи маъюбон нисбат ба аҳолии кишвар 1,6% мебошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”