Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Норасоии кадрӣ. Дар муассисаҳои тиббии кишвар 1100 табиб намерасад
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар 6 моҳи соли равон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 22 763 табиб ва 65 496 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,6 % зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи омори пешакӣ банд будани воҳидҳои кории табибон 95,7 ва кормандони миёнаи тиббӣ 100фоизро ташкил дода, нисбат ба як соли пеш тахминан 0,4% зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, бинобар иттилои Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустии кишвар, ҳоло дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ 1 100 табиб намерасад.
Гуфта мешавад, ки дар вилояти Хатлон 323, дар вилояти Суғд 297, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 263, дар марказҳои дармонии ҷумҳуриявӣ 78 дар ВМКБ 22 ва дар муассисаҳои тиббии тобеи дигар вазорату идораҳо 117 табиб намерасад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1 142 табиб ва 2 143 корманди миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 537 табиб зиёд ва 937 корманди миёнаи тиббӣ кам мебошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”