Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Милитсияи пойтахт як ноболиғро аз модараш гирифта, ба мактаб-интернат супурд
Мақомоти интизомии пойтахт хабар дод, ки як сокини 9-солаи шаҳри Душанберо аз модараш гирифта шуда, ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор» супурдааст.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ ҳангоми машғул шудан ба оворагардию талбандагӣ чандин маротиба ноболиғ Н. Н., сокини 9-солаи шаҳри Душанберо ба шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас намуданд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки аз сабаби беаҳамиятии модар номбурда аз таълиму тарбия дур монда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба оворагардию талбандагӣ машғул мешудааст.
Манбаъ меафзояд, ки нисбат ба модари ноболиғ моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, дар асоси қарори суди ноҳияи И. Сомонӣ ноболиғ аз модараш гирифта шуда, дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”