Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Президенти мамлакат бинои Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд
Имрӯз, 8-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар бинои маъмурии Суди вилояти Суғд ҳамчунин, Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир карда шудаанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои мурофиа ва дигар утоқҳои хизматӣ бо назардошти талаботи муосир ҷиҳозонида шуда, барои фаъолияти босамари судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва қабули шаҳрвандон дорои шароити зарурӣ мебошанд. Таҳхонаи бино дорои ҳуҷраҳои махсус буда, барои нигоҳдории мувақатии гумонбарони ҳолатҳои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ кормандони соҳаро ба таъмини волояти қонун, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳидоят намуданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”