Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иншооти таъйиноти гуногунро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ карданд
8-уми июл Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ Суғдроҳсоз дар деҳоти Ғозиён оғоз бахшиданд. Корхонаи мазкур бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, ба истеҳсоли асфалт, бетон, регу шағал машғул аст. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 120 тонна асфалт, 120 метри мукааб бетон ва 80 тонна регу шағалро ташкил медиҳад.
Манбаъ навиштааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ Шарифов.Н-ро дар деҳоти ба номи Додобой Холматов мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нави саноатӣ дар як моҳ то 700 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад. Дар марҳилаи аввал 30 нафар соҳиби кори доимӣ гардида, бо зиёд шудани истеҳсолот шумораи онҳо боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Гуфта мешавад, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии №11 дар деҳоти Унҷӣ низ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бинои кӯдакистон барои фарогирии 300 кӯдак пешбинӣ гардида, бо шароити муосири таълиму тарбия, толори варзиш, ҳуҷраҳои омӯзишу истироҳат ва майдончаҳои бозӣ таъмин мебошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”