Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон: Дар посух ба ҳамлаи Амрико 85 нуқтаи таъсисоти муҳимми низомии ин кишварро ҳадаф қарор додем
Равобити умумии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон мегӯяд, ки дар посух ба ҳамлаи Амрико, неруҳои дарёӣ ва ҳавофазои ин ниҳод амалиёти мушакиву паҳподиро анҷом додаанд.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи чоршанбе , 8-уми июл дар иттилоияе гуфтааст, ки дар ин амалиёт 85 нуқта аз таъсисоти муҳимми низомии Амрико дар Бандари Салмон, минтақаи панҷуми дарёии Баҳрайн ва пойгоҳи ҳавоии Алӣ ас-Солим дар Кувайт мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар иттилоия омадааст, ки неруҳои муштараки мушакиву паҳподии Сипоҳ ин мавзеъҳоро "дарҳам кӯбидаанд" ва як паҳподи амрикоии навъи MQ-9-ро, ки ба гуфтаи Сипоҳ қасди дахолат дар амалиётро доштааст, сарнагун кардаанд.
Сипоҳ дар идомаи иттилоияаш Амрикоро ба "нақзи ошкори оташбас" муттаҳам карда, гуфтааст, ки ҳамлаи ҳавоии Амрико ба чанд пойгоҳи соҳилӣ ва истгоҳҳои ғайринизомӣ дар соҳилҳои вилояти Ҳурмузгон ва Моҳшаҳр анҷом шудааст.
Дар ин иттилоия ҳамчунин, гуфта шудааст, ки Амрико бо ин иқдом "тафоҳуми Исломободро зери по гузоштааст".
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ин амалиётро "посухи ибтидоӣ ба таҷовузи Амрико" унвон кардааст.
То кунун дар бораи ин ҳамлаҳои ҷавобӣ аз ҷониби мақомоти Амрико ё манобеи мустақил ҷузъиёти тасдиқшуда нашр нашудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”