Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
2,9 миллиард сомонӣ. Даромади корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа беш аз 23 фоиз зиёд шудааст
Корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ дар нимсолаи якуми соли равон 2,9 миллиард сомонӣ даромади умумӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,8 фоиз зиёд мебошад.
Бинобар иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи алоқа, аз ҷумла додани иҷозатнома, бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ, сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ва истифодаи захираҳои рақамгузорӣ, ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 26 миллиону 966 ҳазору 577 сомонӣ ворид гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,2 миллион нафарро ташкил дода, аз ин теъдод 6.1 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
Манбаъ меафзояд, ки шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5,5 миллионро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 5,3 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати хизматрасонии алоқаи собит таъмин гардида истодааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”