Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ: "То замоне ки таҳдидҳо идома меёбанд, музокирот оғоз нахоҳад шуд"
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, то замоне ки таҳдидҳо идома меёбанд, музокирот дар бораи тавофуқи ниҳоӣ оғоз нахоҳад шуд ва тарафи муқобил бояд ба уҳдадории худ пойбанд бимонад.
Ироқчӣ рӯзи сешанбе, 7-уми июл, дар саҳифаи худ дар "X" навиштааст, ки банди 13-и тафоҳумнома комилан равшан буда, оғози музокирот дар бораи тавофуқи ниҳоӣ ба поён ёфтани таҳдидҳо нигаронида шудааст.
Ӯ ҳамчунин, афзудааст, ки миллионҳо эронӣ бо ифтихор ва дар фазои ҳамбастагӣ барои адои эҳтиром ба Оятуллоҳ Хоманаӣ гирди ҳам омаданд.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми Эрон ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар аз ҳеч таҳдиде ҳарос надоранд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар бо хитоб ба тарафи муқобил таъкид кард: "Ба уҳдадорие, ки бо имзои худ пазируфтаед, пойбанд бимонед".
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки талошҳо барои эҳёи гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва Амрико ҳамчунон идома дорад, аммо ихтилоф бар сари тазминҳо, таҳримҳо ва фазои амниятӣ аз муҳимтарин монеаҳои оғози музокирот дар бораи тавофуқи ниҳоӣ ба шумор меравад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”