Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сафари Макрон ба Димишқ: Сурия ва Фаронса тавофуқномаҳои ҳамкорӣ имзо мекунанд
Манобеи сурӣ аз сафари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ба Сурия хабар дода, гуфтаанд, ки дар ҷараёни ин сафар, тавофуқномаҳое дар заминаи тавсеаи зерсохтҳо ва иқтисод миёни мақомоти фаронсавӣ ва сурӣ имзо хоҳад шуд.
Хабаргузории расмии Сурия, "САНА", рӯзи душанбе, 6-уми июл, аз вуруди Эммануэл Макрон ба Димишқ, пойтахти Сурия, хабар додааст.
Бар асоси гузориш, ин нахустин сафари як раиси ҷумҳури Фаронса ба Сурия аз соли 2009 аст ва нишондиҳандаи марҳилаи ҷадиде дар равобити Сурия ва Фаронса ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмад аш-Шараъ, раиси ҷумҳури муваққатии Сурия, дар гуфтугӯ бо як расонаи фаронсавӣ, сафари Эммануэл Макронро ба Сурия "таҳаввуле муҳим дар равобити миёни ду кишвар" хонда ва афзудааст, ки "бахшҳои бисёр дигар" низ вуҷуд дорад, ки Фаронса метавонад дар онҳо нақш дошта бошад.
Аш-Шараъ гуфтааст: "Сурия акнун дар марҳилаи бозсозӣ қарор дошта, манобеи зиёде дар ихтиёр дорад. Ин кишвар ба кишварҳое ниёз дорад, ки аз назари фанноварӣ пешрафта бошанд ва Фаронса яке аз пешрафтатарин кишварҳо дар ин замина аст".
Бо ин ҳол, сафари раиси ҷумҳури Фаронса ба Сурия, ҳамзамон бо танишҳо дар Ховари Миёна, дорои аҳамияти сиёсӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”