Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сӯхтор дар ҷануби Фаронса: ҳазорон нафар тахлия шуданд
Сӯхтори густурда, ки бар асари мавҷи гармо дар ҷанубиФаронса рух додааст, беш аз 10 ҳазор нафар аз сокинониминтақаи наздики марзи Испанияро маҷбур ба таркихонаҳояшон кардааст.
Мақомҳои фаронсавӣ рӯзи душанбе, 6-уми июл, эъломкарданд, ки дар ин рӯйдод дастикам 16 тан, аз ҷумла чаҳороташнишон, захмӣ шудаанд ва эҳтимоли паҳншавии оташбо вазиши шамоли шадид ҳамчунон вуҷуд дорад.
Фаронса гуфтааст, ки ин сӯхтор то кунун ҳудуди 4 ҳазору600 гектар аз доманаҳои кӯҳҳои Пиренейро фарогирифтааст.
Ҳамзамон, Иттиҳоди Аврупо барои кумак ба минтақаисӯхтор чаҳор ҳавопаймои обпош ва беш аз 100 оташнишонро ба Фаронса сафарбар кардааст.
Коршиносон мавҷҳои гармои зудҳангом дар моҳҳои май ваиюнро омили хушк шудани гиёҳҳо ва афзоиши хатариоташсӯзӣ дар минтақаҳои васеи Аврупои Ғарбӣ медонанд.
Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ низ ҳушдор додааст, киАврупо бо суръати баланд дар ҳоли гарм шудан аст.
Дар он сӯйи марз, оташсӯзӣ дар шимолу шарқи Испания низ беш аз 2 ҳазору 200 гектар заминро сӯзондааст.
Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд, оташ акнун таҳти назоратқарор дорад ва интизор меравад то поёни ҳафта ба таври комил хомӯш карда шавад.
Португалия низ дар рӯзҳои охир бо садҳо мавридиоташсӯзии ҷангалӣ рӯбарӯ будааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”