Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гутерриш: "Ояндаи ҳуши маснуӣ бояд зери назорати инсонҳо шакл бигирад"
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълом кардааст, ки ояндаи ҳуши маснуӣ бояд "зери назорати инсонӣ" ва бо ҳукмронии муассир шакл бигирад.
Гутерриш рӯзи душанбе, 6-уми июл, дар шабакаи "Х" таъкид кардааст, ки ҳуши маснуӣ бояд ба шакли амн, одилона ва ба нафъи тамоми башарият инкишоф ёбад.
Ӯ дар паёми худ гуфтааст, ки дар "гуфтугӯи ҷаҳонӣ дар бораи ҳукмронии ҳуши маснуӣ" ҳузур дошта ва паёмаш рӯшан аст, ки ин фанноварӣ набояд бидуни назорати инсонӣ пеш биравад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзудааст, ки бояд итминон ҳосил шавад, инкишофи ҳуши маснуӣ масъулиятнокона анҷом шавад ва манофеи он ба ҳамаи инсонҳо бирасад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки баҳсҳо дар бораи мудирият ва танзими ҳуши маснуӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоиш аст ва кишварҳо ба дунболи чаҳорчӯбҳои муштарак барои назорати ин фанноварӣ ҳастанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”