27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
07.07.2026 10:48

Сарвари давлат дар ноҳияи Айнӣ 10 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

7-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои муассисаи таълимиро дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз мавриди истифода қарор доданд. Дар муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст шароити мусоиди таҳсил фароҳам мегардад.

Иншооти дуюм, бинои Муассисаи томактабии рақами 12 дар деҳаи Такфони деҳоти Анзоб мебошад. Муассисаи мазкур аз 7 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Иброз мегардад, ки дар муассисаи мазкур 120 хурдсоли деҳаи Такфон ба таълиму тарбия ҷалб гардида, 8 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Иншооти навбатӣ муассисаи таҳсилоти томактабии Фурӯғи фардо барои 120 кӯдак мебошад. Дар муассисаи нави томактабӣ 8 ҳуҷраи таълиму тарбия ва дигар шароити зарурӣ ҷойгир шудаанд.Муассиса бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар амалӣ шудааст.

Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии Гулшан барои 80 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои муассиса аз 7 ҳуҷраи асосӣ, ошхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, 2 ҳуҷраи санитарию беҳдоштӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат мебошанд. Муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Меҳрон Давронзода бунёд шудааст.

Иншооти дигари ба таври фосилавӣ ифтитоҳшуда Беморхонаи минтақавӣ мебошад, ки дорои 18 ҳуҷраи корию муолиҷавӣ ва 20 кати табобатӣ аст.

Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ба номи Қаландар Солеҳови шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои нави таълимӣ аз 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 2 синфхонаи фаннӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.

Иншооти дигар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4-и шаҳраки Зарафшон мебошад. Бо бунёди бинои нави иловагӣ дар маҷмуъ 120 хурдсол дар 8 гуруҳ барои таҳсил дар мактаб омода карда мешаванд. Бо мавриди истифода қарор додани кӯдакистон 20 мураббия ва 5 корманди техникӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳраки Зарафшон толори варзишӣ, майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.