Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Пешвои миллат дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ба истифода доданд
Имрӯз, 7-уми июл Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагиимардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун вамулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғдсафари корӣ анҷом доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Роҳбари давлат хабар медиҳад, боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст Корхонаи металлургии сурма дар наздиҶамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавридиистифода қарор дода шуд.
Гуфта мешавда, ки корхонаи мазкур ботехнологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ваистеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.
“Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти истеҳсолӣ барои истифодаи самаранокизахираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷмиистеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштанииқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ватаъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад”, - навиштааст манбаъ.
Афзуда мешавад, ки баробари ба истифода додашудани корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣтаъмин мегарданд.
Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони корхонаСарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонтаваҷҷуҳи онҳоро ба масоили экологӣ махсус ҷалбнамуда, таъкид доштанд, ки ба табиати зебои муҳитмуносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона доштабошанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар ҳамин ҷоПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаиметаллургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Дар назар аст, ки корхона то моҳи августи соли 2027 ба кордароварда мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”