Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Орзуи амалинашуда. Роналду бо ашк Ҷоми ҷаҳонро тарк кард
Шоми гузашта мунтахабҳои Португалия ва Испания дар доираи даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 рақобат карданд.
Мунтахаби Испания дар дақиқаҳои иловагии қисми дуюми бозӣ ба задани гол даст ёфт ва тими миллии Португалияро шикаст дод.
Мунтахаби Португалия аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд ва ин шикаст аз ҳама бештар ба капитани даста Криштиану Роналдуи 41-сола вазнин шуд. Ӯ қабл аз бозӣ гуфт, ки дар Ҷоми ҷаҳони оянда иштирок намекунад ва бисёр мехоҳад, ки ҷоизаи имсоларо ба даст орад, зеро ба ҷуз Ҷоми ҷаҳон дигар ҳама ҷоизаҳоро гирифтааст. Аммо орзуи Криштиану Роналду амалӣ нашуд.
Бозии дигари даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои ИМА ва Белгия доир гашт, ки тими миллии Белгия ИМА-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Ҳамин тавр, мунтахаби Испания дар даври ¼ ниҳоӣ бо Белгия рақобат хоҳад кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад