Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Гурӯҳи аввалин: 2 ҳазору 979 нафар аз зиндон ба озодӣ баромаданд
6-уми июл дар асоси иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 2 ҳазору 979 нафар аз зиндон ба озодӣ баромаданд.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияиҶумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, озодшудагоназ зиндонҳои шаҳри Норак, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвонва Дӯстӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, ки аз шумораи озодшудагон 297 нафари онҳоро занон ҳастанд.
Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшудататбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигариба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11 ҳазору305 нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаиҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.
Гуфтан бамаврид аст, ки 16-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки озод шудани 2 ҳазору 979 нафар аз зиндонҳо гурӯҳи аввалини зиндониёни озодшуда мебошанд ва қонун марҳила ба марҳила тадбиқ мегардад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”