Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ашки Неймар ва дубли Беллингем. Англия ва Норвегия дар даври ¼ вомехӯранд
Имрӯз, дар доираи даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахабҳои Бразилия – Норвегия ва Англия – Мексика рақобат карданд.
Бозии Бразилия – Норвегия ғайричашмдошт ҳангомавӣ шуд ва тими миллии Норвегия яке аз муддаиёни Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи Бразилияро шикаст дода, ба даври ¼ ниҳоӣ баромад.
Ҳарчанд аксарият ба ғалабаи Бразилия боварӣ доштанд, вале бразилиҳо дар баробари ду голи Эрлинг Ҳоланд як гол аз зарбаи 11-метра ба самар расонданду халос.
Пас аз бозӣ ҳамлагари тими миллии Бразилия Неймар Ҷуниор дар майдон ашк рехт ва шояд ин охирин Ҷоми ҷаҳон барои ӯ бошад.
Бозии Англия – Мексика яке аз бозиҳои шавқовар ва дидании даври мазкур буд. Дар дақиқаи 54-умидидор ҳимоятгари мунтахаби Англия корти сурхт гирифт ва ба ин нигоҳ накарда, футболбозони англис бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд. Голҳои тими миллии Англияро Ҷуд Беллингем (2 гол) ва Ҳарри Кейн ба самар расонданд.
Ҳамин тавр, дар даври ¼ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахабҳои Англия ва Норвегия бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”