Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Узбекистон: Талош барои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон бо паҳпод ноком шуд
Созмони амнияти давлатии Узбекистон гуфтааст, кинеруҳои амниятии ин кишвар аз интиқоли маводи мухаддираз Афғонистон ба хоки Узбекистон бо истифода аз як паҳподҷилавгирӣ кардаанд.
Ин ниҳод рӯзи якшанбе, 5-уми июл дар паёме дар Телеграм гуфтааст, ки ин амалиёт бо ҳамкории неруҳои марзбонӣ ваполис дар минтақаи марзии Омӯдарёи вилояти Сурхандарё, анҷом шудааст.
Бар асоси эъломи Созмони амнияти давлатии Узбекистон, маъмурони амниятӣ як паҳподи ҳомили 2 килою 32 грамм тарёкро пеш аз убур аз марз раҳгирӣ кардаанд.
Мақомҳои Узбекистон гуфтаанд, афроди ношиносе, ки ба бовари онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, пушти ин иқдом қарор доштаанд.
Бо ин ҳол, онҳо ҷузъиёте дар бораи ҳувияти ин афрод ё боздошти эҳтимолии онҳо нашр накардаанд.
Узбекистон дар солҳои охир борҳо нисбат ба афзоишиталошҳо барои қочоқи маводи мухаддир аз масири марзимуштарак бо Афғонистон ҳушдор дода ва эълом кардааст, ки тадбирҳои амниятӣ ва назорат бар марзҳои ҷанубии ин кишварро ташдид кардааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад