27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
04.07.2026 21:17

“Ду бор танҳо гиристам”. Зиндагӣ дар Чин аз нигоҳи як тоҷикдухтар

Дилором Холмадова аз зумраи тоҷиконест, ки солҳои зиёд дар хориҷ аз кишвар таҳсил ва зиндагӣ карда, таҷрибаи арзишманд андӯхтааст. Ӯ зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар Чин ба сар мебарад. Дар аввал таҳсилу кор мекард, ҳоло бошад, ба нигоҳубини фарзандонаш машғул аст.

Дилором Холмадова дар суҳбат бо Dialog.tj аз оғози роҳ, интихоби ғайричашмдошти таҳсил дар Чин, рӯзгори имрӯз ва баъзе лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаизиндагиаш қисса кард.

ЯК ПЕШНИҲОД ЗИНДАГИРО ИВАЗ КАРД

- Шумо дар чӣ гуна муҳит ва оила таваллуд шудаву ба воя расидаед?

- Ман дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, ба воя расидаам. Дар аввал волидонам омӯзгор буданд, сипас, падарам ба ҳайси тарҷумон, муаллиф ва коргардон дар Телевизиони Тоҷикистон ба кор даромаданд ва солҳои зиёд кор карданд. Дар оилаи мо ба таълиму тарбия ниҳоят таваҷҷуҳи зиёд буд. Ҳамин буд, ки ҳанӯз аз панҷсолагиам китоб мехондам ва умуман, дар муҳити китобу қалам ба воя расидаам. Аз соли 2001 то соли 2004 ман гирандаи Стипендияи президентӣ будам, ки он солҳо дар кишвар танҳо 100 кас стипендия мегирифт.

- Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси филологияи рус ва англис хатм кардаед, аммо муддате дар бонк кор намудед. Чӣ хел шуд, ки як филолог ба бонк ба кор даромад?

- Нахуст, бояд бигӯям, ки ман барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) квота ба даст оварда будам, вале хостам таҳсиламро дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон идома диҳам ва се имтиҳони қабулро бо баҳои “5” супурда, донишҷӯ шудам. Давоми солҳои донишҷӯӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фаъолият кардам. Соли охири таҳсил дар мактаби миёна аз фанни забон ва адабиёти рус дарс гуфтам. Сипас, ба ширкати мобилии “Мегафон Тоҷикистон” дар шаҳри Ваҳдат ба кор даромадам. Пас аз муддате бинои ширкати мобилиро бонк гирифт ва маро ба кор даъват карданд. Ҳарчанд гуфтам, ки ихтисоси ман мувофиқ нест, вале ба мутахассиси забондон эҳтиёҷ доштанашонро баён карданд ва ҳамин тавр, ман аз соли 2013 то 2015 дар бонк кор кардам. 

- Чаро тасмим гирифтед, ки бояд ба Чин биравед ва таҳсилатонро он ҷо давом диҳед?

- Ман ҳуҷҷатҳои яке аз хешовандонамро барои ба Чин рафтан омода кардам. Он касе, ки ҳуҷҷатҳоро қабул мекард, пешниҳод намуд, ки агар хоҳам худам ҳам ҳуҷҷатҳоямро барои таҳсил пешниҳод намоям. Ин пешниҳод ба назарам шавқовар намуд ва ҳуҷҷатҳоямро фиристодам. Чун он вақт барои таҳсил дар Чин донистани забони чинӣ ҳатмӣ набуд, балки агар довталаб забони англисиро медонист, ҳуҷҷатҳояш қабул мешуд ва соли аввал танҳо забони чинӣ меомӯхт. Қисса кӯтоҳ, ҳуҷҷатҳои ман қабул шуданд ва ба Чин омадам. Як сол забон ва се соли дигар соҳаи иқтисод-ҳуқуқшиносиро омӯхтам. Албатта, чун ман дар Тоҷикистон равияи филологияро омӯхта будам, дар аввал хостам, ки забон ва адабиёти Чинро омӯзам, вале ба ман маслиҳат доданд, ки филологияи Чин хеле душвор аст ва хуб мешавад дигар соҳаро омӯзам.

ДУ РӮЗИ ДУШВОРТАРИН ДАР ЧИН

- Ҳоло дар Чин зиндагӣ мекунед. Бигӯед, ки ба чӣ корҳо машғулед ва чӣ гуна рӯзгор доред?

- Шукр, дар Чин зиндагиам хуб аст. Шавҳарам низ аз ҳамин ҷост ва ҳоло хонашин ҳастам. Ду фарзанд дорам ва ба нигоҳубини онҳо машғулам. Вале дар оянда мехоҳам аз рӯйи ихтисосам кор кунам. Дар умум, ин ҷо имконот хеле зиёд аст ва мардуми Чин бо хориҷиён хушмуомила ҳастанд.

- Ҷавонони зиёд аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд, оё барои кумак ба шумо муроҷиат менамоянд?

- Ман соли 2015 ба Чин омадам ва он вақт шумораи донишҷӯён аз Тоҷикистон хеле кам буд. Шукр, сол то сол теъдоди ҷавонони тоҷик дар Чин зиёд шуд, ки ин боиси хушҳолист. Тӯли солҳое, ки ин ҷо ҳастам, бо ҳамватанонамон муносибати хуб дорам ва агар муроҷиат кунанд, кумак мекунам. Ман дар шаҳри Сиан қарор дорам ва ин ҷо аз Тоҷикистон одамони зиёд меоянд. Дар оянда нақша дорам, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар мавриди кумак ба донишҷӯён, ҷавонон ва сайёҳон муроҷиат намоям. Яъне агар хизмати ман ҳамчун роҳбалад ва тарҷумон лозим бошад, омодаи ҳамкорӣ ҳастам.

- Кадом одати чиниҳо то ҳол барои шумо аҷиб аст?

- Одатҳои аҷиб зиёд доранд, вале ман алакай ба онҳо шинос шудам, қабул кардам. Яке аз одатҳояшон ин аст, ки вақте навхонадорон соҳиби фарзанд мешаванд, кӯдакро ба бибиву бобояш мегузоранд ва худашон ба кор мебароянд. Ҳамин тавр, хусуру хушдомани ман низ чунин пешниҳод карданд, вале рад кардам. Фикр мекунам, ҳадди ақал то се-чорсолагӣ бояд кӯдак пурра дар оғуши модар бошад.

- Душвортарин давраи зиндагиятон дар Чин кадом буд?

- Саволи аҷиб. Ростӣ, давоми солҳое, ки ин ҷо ҳастам, мушкили ҷиддӣ надоштам. Шукр, кору рӯзгорам хуш гузашт, вале ду рӯзи сахт ва фаромӯшнокарданиро аз сар гузаронидам. Якум, соли 2019, вақте ки дар даводави хатми донишгоҳ будам, модарам аз дунё гузаштанд ва чун шиносномаамро барои тамдиди раводидам понздаҳрӯза гирифта буданд, ҳеҷ кор карда натавонистам. Аз дастам коре наомад ва танҳо ин ҷо гиристам. Дуюм, соли 2025 ҷарроҳии гӯш гузаронидам ва мувофиқи гуфтаи духтурон бояд муддате ба ҳавопаймо наменишастам. Ҳамон вақт падарам аз дунё гузаштанд. Он рӯз ҳам коре аз дастам наомад ва танҳо гиристам.

- Дар муддати даҳ сол чанд маротиба Тоҷикистон омадед?

- Қариб ҳар сол ба Тоҷикистон сафар мекунам, вале тавре гуфтам, ду маротибае, ки хеле муҳим буд, омада натавонистам.

“ИНТИХОБИ ТАҚДИР”

- Дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм низ хеле фаъолед. Бигӯед, ки чаро тасмим гирифтед зиндагии худро дар Чин тавассути Инстаграм нишон диҳед?

- Аслан, пештар тасмим доштам, ки тарзи кору зиндагиамро дар Чин ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Инстаграм нишон диҳам, вале монеаҳо буданд. Соли равон ба пешбурди саҳифаам дар Инстаграм ҷиддитар машғул шудам ва кӯшиш мекунам, ки наворҳои фоидаовар гузорам.

- Баъзан блогерҳо зиндагии идеалӣ нишон медиҳанд. Шумо чӣ қадар зиндагии ҳақиқии худро нишон медиҳед?

- Аслан, ман барои пешбурди Инстаграм вақти зиёдамро сарф намекунам, зеро рисолати асосиам нигоҳубини кӯдаконам аст. Аммо ҳар чизе нишон медиҳам, қисме аз зиндагии ҳақиқиам аст.

- Агар зиндагии шумо дар Чин як филм мебуд, номи он чӣ мешуд?

- Фикр мекунам, он филм “Интихоби тақдир” ном медошт. Зеро ҳама ҳодисаву рӯйдодҳое, ки тӯли ёздаҳ сол дар ҳаёти ман ба воқуъ омаданд, интихоби худам ва кори тақдир буданд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.