27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
04.07.2026 21:00

Дар ҳамлаҳои Исроил бар Ғазза беш аз 73 ҳазор нафар кушта шудаанд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил алайҳи Навори Ғазза то кунун дастикам 73 ҳазору 90 фаластинӣ кушта ва 173 ҳазору 550 тани дигар захмӣ шудаанд.

“Ал-Ҷазира” рӯзи шанбе, 4-уми июл, гузориш додааст, ки ин омор аз ҷониби Вазорати тандурустии Ғазза эълом шуда ва ба маҷмуи талафот аз оғози ҷанг дар октябри соли 2023 то кунун марбут мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари талафоти густурда, бахши бузурги қурбониёнро ғайринизомиён, ба вижа занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.

Пас аз оташбаси эъломшуда бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида низ ҳамлаҳои Исроил идома ёфта ва дар натиҷаи он 1066 фаластинӣ кушта ва 3445 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон, созмонҳои байналмилалӣ борҳо нисбат ба бад шудани авзои башардӯстона дар Ғазза ва афзоиши фишор бар ғайринизомиён ҳушдор додаанд.

Созмони имдод ва корёбӣ барои паноҳандагони фаластинӣ  низ хостори ҳимояти бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда ва гуфта буд, ки идомаи фаъолияти ин ниҳод барои ҳифзи субот ва расидагӣ ба ниёзҳои фаврии мардуми Фаластин ҳаётӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.