27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
03.07.2026 15:06

Танишҳо дар Бадахшони Афғонистон: корвони даҳҳо мошини низомии Толибон ба самти Дарвоз фиристода шудаанд

Манобеи маҳаллӣ дар минтақаи Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки як корвони иборат аз даҳҳо адад мошини гурӯҳи террористии Толибон, муҷаҳҳаз бо силоҳҳои сангин, аз роҳи Яфтали поён ба самти ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ҳаракат кардаанд.

Манобеъ шоми панҷшанбе, 2-уми июл дар суҳбат бо рӯзномаи “8- субҳ” гуфтаанд, ки корвони Толибон шоми панҷшанбе аз ин роҳ убур карда ва ҳамаи мошинҳо ба силоҳ муҷаҳҳаз будаанд.

Наворе, ки ба дасти расонаҳо расидааст, нишон медиҳад, ки ин корвон ҳудуди соати 7:00-и шом аз минтақаи Дашти қаруғ дар ҳоли убур будааст.

Ин таҳаррукот дар ҳоле сурат мегирад, ки манобеъ пештар аз сафари Мулло Яъқуб, вазири дифои Толибон, ба ноҳияҳои Вахон ва Ишкошим дар Бадахшони Афғонистон хабар дода буданд.

Ба гуфтаи манобеъ, ӯ дар ин сафар вазъи неруҳо ва тавоноиҳои низомии Толибонро дар минтақаҳои марзӣ баррасӣ кардааст.

Гурӯҳи террористии Толибон дар рӯзҳои охир ҳузури низомии худро дар минтақаҳое аз Бадахшони Афғонистон афзоиш додаанд ва ба бовари бошандагони маҳаллӣ, вазъи ин минтақа ва танишҳои ахир боиси нигаронии мақомҳои Толибон шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.