Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бақоӣ нишасти амниятӣ ба раҳбарии Амрико дар Баҳрайнро “намоишӣ” хонд
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, нишасти амниятии минтақавӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаро дар Баҳрайн “намоишӣ” хонда ва аз он интиқод кардааст.
Бақоӣ рӯзи панҷшанбе, 2-уми июл, дар саҳифаи “Х” навиштааст, ки Амрико борҳо нишон додааст, ки ба сулҳи воқеӣ дар Ғарби Осиё бетаваҷҷуҳ аст ва чунин нишастҳо чизе ҷуз “намоиши сиёсӣ” нест.
Бақоӣ ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаро муттаҳам кардааст, ки ҳадафаш пинҳон кардани сиёсатҳои “беэътидолкунанда” дар минтақа аст ва аз кишварҳои минтақа хостааст нисбат ба паёмадҳои ин сиёсатҳо ҳушёр бошанд.
Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон низ, дар вокуниш ба гуфтугӯҳои амниятии минтақавӣ дар Баҳрайн гуфта буд, ки нишасти низомӣ наметавонад барои Халиҷи Форс низоми ҳуқуқӣ ва амният эҷод кунад.
Ин нишаст бо ҳузури мақомҳои аршади низомии 12 кишвари Ховари Миёна ва Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) дар бораи ҳамкориҳои дифоӣ ва амнияти дарёӣ баргузор шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”