27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
03.07.2026 10:06

Бақоӣ: “Меҳмононе аз 100 кишвар дар маросими ҷанозаи Алӣ Хоманаӣ иштирок хоҳанд кард”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, эълом кардааст, ки меҳмононе аз 100 кишвар дар маросими дафни ҷанозаи Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон, ҳузур хоҳанд ёфт.

Хабаргузории “Форс” рӯзи панҷшанбе, 2-уми июл, гузориш додааст, ки Бақоӣ гуфтааст ин меҳмонон шомили раисони давлатҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, намояндагони вижаи давлатҳо, шахсиятҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои мардумӣ аз кишварҳои гуногун ҳастанд.

Бақоӣ маросими дафни Алӣ Хоманаиро рӯйдоди таърихӣ ва муҳим тавсиф карда, гуфтааст, ки ин маросим на танҳо барои мардуми Эрон, балки барои мардуми минтақа, мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон аҳамият дорад.

Ӯ афзудааст, ки ин маросим аз субҳи рӯзи ҷумъа, бо ҳузури мақомҳои расмӣ, шахсиятҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои мардумӣ оғоз мешавад ва то баъд аз нисфирӯзӣ идома хоҳад дошт.

Иёлоти Муттаҳида ва Исроил рӯзи 28-уми феврал таҷовузи муштаракеро алайҳи Эрон оғоз карданд, ки дар натиҷаи он даҳҳо мақоми аршади низомӣ, аз ҷумла Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон, кушта шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.