Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Вазорати энергетика масъалаи таъсиси Низоми миллии иттилоотиро баррасӣ кард
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз баррасии масъалаи таъсиси Низоми миллии иттилоотии бахши энергетика ва Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои ин бахш хабар дод.
Вазорат рӯзи панҷшанбе, 2-уми июл, бо нашри хабаре гуфтааст, ки мизи мудаввар таҳти унвони “Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: идоракунии соҳа дар асоси маълумот ва масъалаҳои бунёди Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика” рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардидааст.
Бино ба иттилоъ, дар ин ҳамоиш роҳбарият ва масъулини Вазорат, намояндагони корхонаҳои энергетикии кишвар, коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳа иштирок кардаанд.
Дар хабар омадааст, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфтааст, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, истифодаи самараноки маълумот ва рақамикунонии низоми идоракунии энергетика аз омилҳои муҳимми таъмини рушди устувори соҳа, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими амнияти энергетикии кишвар ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Вазорат, дар ҷараёни мизи мудаввар консепсияи Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон, Харитаи роҳ оид ба таъсиси ин низом барои солҳои 2026–2027 ва ҳамчунин, масъалаи таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Вазорат афзудааст, ки татбиқи Низоми миллии иттилоотӣ ва таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ ба баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунии соҳа, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”