Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Покистон: Ҳинд аз гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон ҳимоят мекунад
Тоҳир Андаробӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон, Ҳиндро муттаҳам кардааст, ки аз гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон алайҳи Покистон ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад.
Рӯзномаи покистонии “Нейшнл” (“The Nation”) бомдоди панҷшанбе, ба нақл аз Андаробӣ гузориш додааст, ки ӯ дар вокуниш ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд дар бораи иқдомҳои зиддитеррористии Исломобод дар Афғонистон гуфтааст, ки Деҳлии Нав бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ режими таҳримҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нақз мекунад.
Андаробӣ изҳороти Ҳиндро дар бораи амалиёти Покистон алайҳи он чи “зерсохторҳои террористӣ” дар Афғонистон хонда шудааст, “беасос” тавсиф карда, афзудааст, ки иқдомҳои Исломобод “ҳадафманд ва мутаносиб” будаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон, Ҳинд дар солҳои гузашта бо мудохила дар умури кишварҳои ҳамсоя ҳокимият ва тамомияти арзии онҳоро заиф кардааст ва ҳамчунин, ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Кашмирро нақз мекунад.
Андаробӣ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Исломобод барои таъмини амнияти шаҳрвандони худ, мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ, ба андешидани иқдомҳои зарурӣ идома хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”