Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири хориҷаи Лубнон: “Тавофуқ бо миёнравии Амрико танҳо роҳи хуруҷи комили Исроил аст”
Юсуф Раҷҷӣ, вазири корҳои хориҷаи Лубнон, аз тавофуқи чаҳорчӯбӣ миёни ин кишвар ва Исроил, ки ҳафтаи гузашта дар Вашингтон имзо шуд, дифоъ карда, гуфтааст, ки ин тавофуқ танҳо роҳи кафолати хуруҷи комили неруҳои Исроил аз ҷануби Лубнон аст.
“Ал-Ҷазира” шаби чоршанбе, 1-уми июл, ба нақл аз Юсуф Раҷҷӣ гузориш додааст, музокироте, ки аз сӯйи давлати ин кишвар оғоз шудааст, ҳеч ҷойгузин надорад ва танҳо роҳи дастёбӣ ба хуруҷи комили Исроил ва расидан ба тавофуқи пойдорест, ки субот, ҳокимият ва манофеи миллии Лубнонро ҳифз кунад.
Бар асоси гузориш, Исроил дар ҳоли ҳозир ҳудуди 6 дарсади хоки Лубнонро таҳти назорати худ дорад.
Ин вазъ пас аз ҳамлаи низомии Исроил дар миёнаҳои моҳи март, дар вокуниш ба ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳи мавриди ҳимояти Эрон, ба вуҷуд омадааст.
Ин тавофуқи чаҳорчӯбӣ бо интиқодҳои густурдае дар Лубнон рӯбарӯ шудааст.
Мунақиддон мегӯянд, ин тавофуқ беш аз он, ки манофеи Бейрутро таъмин кунад, ба суди Исроил танзим шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”