Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Заминҳои кишоварзии Ғазза дар пайи ҷанг ва муҳосираи Исроил тахриб шудааст
Заминҳои кишоварзӣ дар Навори Ғазза дар натиҷаи ҷанг ва муҳосираи Исроил ба таври густурда осеб дида, қисмати асосии зарфияти тавлиди маводи ғизоӣ дар ин минтақа аз байн рафтааст.
Идораи расонаҳои давлатии Ғазза шаби чоршанбе, 1-уми июл, эълом кардааст, ки муҳосираи Исроил ҳудуди 94 дарсади заминҳои зироатии ин минтақаро тахриб карда ва танҳо бахши бисёр маҳдуде аз он барои кишти маҳсулоти асосӣ боқӣ мондааст.
Бар асоси омори нашршуда, пеш аз оғози ҷанг ҳудуди 9 ҳазору 300 гектар замин дар Ғазза зери кишт қарор дошт, аммо ин рақам ҳоло ба ҳудуди 400 гектар коҳиш ёфтааст.
Ин коҳиши шадид боиси ташдиди буҳрони гуруснагӣ дар ин минтақа шудааст.
Ҳамчунин, дар гузориш омадааст, ки 85 дарсади гармхонаҳо низ аз байн рафтаанд ва маҳдудиятҳои шадид дар вуруди маводи зарурӣ, монанди нируҳои минералӣ ва тухмиҳои зироатӣ аз ҷониби Исроил, вазъи тавлиди маводи ғизоиро вахимтар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад