Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Артиши Покистон: Чаҳор паҳподи воридшуда аз сӯйи Толибон дар Балучистон сарнагун шуд
Идораи равобити умумии артиши Покистон (ISPR) эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар чаҳор паҳподро, ки аз сӯйи Толибони Афғонистон вориди ҳарими ҳавоии иёлати Балучистон шудааст, сарнагун кардаанд.
Дар эъломияи ин ниҳод, ки шаби сешанбе, 30-уми июн нашр шудааст, омадааст, ки ин паҳподҳо рӯзи 30-уми июн аз минтақаҳои таҳти назорати Толибон ба сӯйи хоки Покистон парвоз карда буданд.
Артиши Покистон гуфтааст, ки низоми дифои ҳавоии ин кишвар фаъол шуда ва неруҳои он тавонистаанд ҳамаи паҳподҳои воридшударо шиносоӣ карда, дар минтақаҳои марзии иёлати Балучистон ҳадаф қарор диҳанд.
Дар ин эъломия ҳамчунин, омадааст, ки ин паҳподҳо барои истифодаи гурӯҳҳои фаъоли террористӣ дар минтақаҳои марзӣ пешбинӣ шуда буданд.
Артиши Покистон таъкид кардааст, ки неруҳои ин кишвар дар ҳолати омодабоши комил қарор доранд ва ҳар гуна таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Покистон бо посухи фаврӣ ва муассир рӯбарӯ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”