Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳизбе дар Ҷумҳурии Чехия хостори лағви олитарин нишони давлатии Зеленский шуд
Ҳизби Озодӣ ва демократияи мустақим (SPD) дар Ҷумҳурии Чехия эълом кардааст, ки пешниҳоди лағви олитарин нишонҳои давлатии ин кишвар аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украинаро ба парлумон ироа хоҳад кард.
Хабаргузории “ТАСС” шаби сешанбе, 30-уми июн, гузориш додааст, ки ин пешниҳод қарор аст дар нишасти ояндаи раҳбарони ҳизбҳо матраҳ ва сипас, ба Маҷлиси намояндагон ирсол шавад, то парлумон аз раиси ҷумҳур бихоҳад нишони “Шери сафед”-ро аз Зеленский пас бигирад.
Бар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Чехия, танҳо раиси ҷумҳур ихтиёри лағви нишонҳои давлатиро дорад.
Йиндржих Райхл, намояндаи Маҷлиси намояндагон ва пешниҳодкунандаи ин тарҳ, гуфтааст, ки ин иқдом бо илҳом аз тасмими ахири Лаҳистон анҷом мешавад.
Ӯ гуфтааст, ки Зеленский воҳидҳои низомиро ба номи “чеҳраҳои нозӣ” номгузорӣ кардааст ва ба ҳамин далел набояд дорандаи олии нишонҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия бошад.
Владимир Зеленский соли 2022 ва андаке пас аз оғози ҷанги Украина аз сӯйи Милош Земан, раиси ҷумҳури вақти Ҷумҳурии Чехия, бо нишони “Шери сафед” сарфароз шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”