Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон ва Қатар бар густариши ҳамкориҳо барои ҳимоят аз рушд дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд
Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар умури Афғонистон, бо Ҳасан Ҳамза Ҳошим, сафири Қатар дар ин кишвар, дидор карда ва дар бораи мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла рушд дар Афғонистон, гуфтугӯ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи сешанбе, 30-уми июн бо нашри хабарномае гуфтааст, ки дар ин дидор ду тараф дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзуъҳои марбут ба Афғонистон баҳсу табодули назар кардаанд.
Дар ин гуфтугӯ бар тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва логистика, инчунин, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона бо ҳадафи ҳимоят аз рушди пойдори Афғонистон таъкид шудааст.
Бар асоси хабарнома, сафири Қатар талошҳои Ӯзбекистонро дар ҳимоят аз бозсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон ситоиш карда ва нақши Тошкандро дар таҳкими субот ва пешрафти минтақа муҳим донистааст.
Ду тараф бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба, афзоиши ҳамоҳангиҳои амалӣ дар масъалаҳои минтақаӣ ва идомаи гуфтугӯи мунтазам дар бораи Афғонистон таъкид кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”