Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вокуниши Ироқчӣ ба суханони Маркуэйн Маллин: “Мизбонии Ҷоми ҷаҳонӣ барои Амрико ҳеч аҳамияте надорад”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, аз хушҳолӣ ва изҳороти вазири амнияти дохилии Амрико дар бораи ҳазфи Тими миллии футболи Эрон аз Ҷоми ҷаҳонӣ башиддат интиқод кардааст.
Ироқчӣ рӯзи сешанбе, 30-уми июн, дар саҳифаи “Х” гуфтааст, ки Маркуэйн Маллин ба ҷаҳон собит кард, ки мизбонии як мусобиқаи байналмилалӣ барои Амрико ҳеч аҳамияте надорад.
Ӯ гуфт: “Оқои Маллин, маъмуриятатон анҷом шуд. Шумо ҳамчунин, як кори дигар анҷом додед: ба ҷаҳониён собит кардед, ки мизбонии як мусобиқаи байналмилалӣ ҳеч аҳамияте барои шумо надорад”.
Ироқчӣ афзудааст, ки чунин рафтор намунаи боризи чигунагии “аз даст додани иззат ва эҳтиромест, ки бо мизбонӣ ба даст меояд”.
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Маркуэйн Маллин, вазири амнияти дохилии Амрико, бо истиқбол аз ҳазфи Тими миллии футболи Эрон аз Ҷоми ҷаҳонӣ гуфта буд, ки аз ин сабаб “рақси хушҳолӣ” кардааст.
Изҳороти ин мақоми амрикоӣ бо вокуниши мақомоти эронӣ рӯбарӯ шуда ва бори дигар танишҳои лафзӣ миёни Теҳрон ва Вашингтонро ба арсаи варзиш низ кашонд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”