Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу: “То замони аз байн рафтани таҳдиди Ҳизбуллоҳ аз ҷануби Лубнон хориҷ намешавем”
Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими Исроил, дар сафараш ба минтақаҳои таҳти назорати артиши Исроил дар ҷануби Лубнон гуфтааст, ки Исроил то замоне, ки Ҳизбуллоҳ барои амнияти Исроил таҳдид бошад, аз ҷануби Лубнон ақибнишинӣ нахоҳад кард.
Нетаняҳу рӯзи сешанбе, 30-уми июн, дар дидор бо неруҳои исроилӣ таъкид кардааст, то замоне, ки Ҳизбуллоҳ мусаллаҳ бошад ва Исроилро таҳдид кунад, неруҳои Исроил дар ҷануби Лубнон боқӣ хоҳанд монд.
Ин нахустин сафари Нетаняҳу ба минтақаҳои таҳти назорат дар Лубнон аз замони тавофуқи амниятӣ миёни Исроил ва Лубнон аст, ки ҳафтаи гузашта бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида ба даст омад.
Бар асоси ин тавофуқ, Исроил мутааҳҳид шудааст, ки назорати ду минтақаро ба артиши Лубнон вогузор кунад.
Исроил аз оғози ҷанг дар моҳи март минтақаи махсусе ба умқи ҳудуди 10 километр дар дохили хоки Лубнон эҷод кардааст ва мегӯяд, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ ба шаҳракҳои шимолии Исроил аст.
Бар асоси гузоришҳо, аз оғози ин даргириҳо то кунун беш аз 4 ҳазор нафар сокини осоишта дар Лубнон кушта ва беш аз як миллион нафар овора шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”