Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар пойтахт Форуми байналмилалии «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор мегардад
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 24-ум то 26-уми сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2026) ва Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор мегардад.
Бинобар иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар Форуми байналмилалии Душанбе «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» иштироки намояндагони бахши сайёҳии бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики Душанбе, вазорату идораҳои соҳавии кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, сармоягузорон, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасонии соҳа дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, ки интизор меравад дар ҷараёни форум масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди шарикӣ миёни шаҳрҳо ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ баррасӣ гардида, дар фарҷоми он санадҳои нави ҳамкорӣ байни доираҳои манфиатдор ба имзо расанд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи DITE-2026 баргузории вохӯриҳои соҳибкорон дар шакли B2B, тренингҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, такмили маҳорати касбии роҳбаладон ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”