Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Кӯдаки 4-солае, ки парчамро парафшон кард, қадрдонӣ гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон кӯдакеро, ки парчамро аз замин гирифта, ба симчӯб парафшон кард, қадрдонӣ намуд.
Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар пайи шамолҳои сахт Парчами давлатӣ аз симчӯб ба замин афтидааст ва духтари хурдсоле онро бардошта парафшон мекунад. Ин навори кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд ва корбарон ба қаҳрамони он таҳсин гуфтанд.
Дар ин росто, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон муайян кард, ки ин ҳолат дар ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик ба вуқуъ пайвастааст. Духтари хурдсол бошад, Абдуллозода Фотима Сунатуллои 4-сола мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Темурмалик, подполковники милитсия Саидҷафар Икромзода оилаи кудакро бо Сипоснома ва туҳфа қадрдонӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”